Ҳар кас ки пар аз бода ишқаст аёғш

Ҷузи буии гул айш набошад ба димоғаш

Чун сарви зи ташвиши таъаллуқ буд озод

Онро ки з хокистар қамарӣаст суроғаш

Чун лолаи дарин боғ ба найранги муҳаббат

Карданд нишони тавсани умри ту зи доғаш

Рафтам ба тамошои баҳори чамани ишқ

Ҷузи сунбули ошуфта дигар нест ба боғаш

Як зарраи ?герати меҳр ва вафо ҳаст тавон кард

Аз сояи анқои асари ранги суроғаш

Ҳар кас ки буд оташи савдо ба сар ӯ

Равшан буд аз равғани парвонаи чароғаш

Роҳӣаст зи тақлид ки дар боғи ҳақиқат

Ёд аз равиш Кебек диҳад ҷилваи зоғаш

Сармояи сад айш ба як зарра насинҷид

Дар зовияи ғам буд онро ки фироқаш

эй сӯхтаи доғ ҳавас бигузар азин ғам

Аз бас ки надории хабари лолаи боғаш !

Туғрул ба ҷаҳонӣ надаҳум мисраи бедил

Хуршед на ҷинсӣаст ки ҷӯӣ ба чароғаш !