Дамади субҳи умеди ман агар аз шоми ҳиҷронаш

Нигаҳи хуршед хирман мекунад аз рӯй тобонаш

Чисон оем ба арзи ҷавҳари фарди даҳон ӯ

Ки ҳикматҳо буд пӯшида дар тафреқи эмеконаш !

Агарчӣ чашми ман равшан шуд аз хоки раҳаши лекин

Димоғи шона торикаст аз зулфи парешонаш

Хумори чашм ӯ зоҳид ба хоби ноз агар бинад

Ба як назора месозад гарав аз нақд емонаш

Навозиши номаҳои вазъи ҷўдшгар баёни созам

Арақ бар рӯй ҳотам гул кунад аз шарми эҳсонаш

Агар бар даъвии рӯйиши гули андар боғ бархезад

Кашад домони зулф ӯ ба хорӣ аз гиребонаш

Ба роҳи водии ишқаши туро аз сари қадам бояд

Ки ошиқро набошад бок аз хори муғелонаш !

Барои лаъли ширини кӯҳкан ҷон мекунад лекин

Наме арзад ба пеш ӯ ба як ҷӯи қимати ҷонаш !

Нагардад ҳар кас аз лофи муҳаббати ҳамсари маҷнӯн

Буд хосияти давлат дар ангушти салимонаш !

Хушо аз мисраи султони авранги сухани туғрул

Шикасти мо тамошо кун мапурс аз ранги паймонаш !