Беди маҷнӯнро ба ҷузи ошуфтагӣ аз бар чаҳ ҳазз ? !

Аз садои нағмаи булбул ба гӯши кар чаҳ ҳазз ? !

Фарши маҷнӯни кисвати хок дар Лайлӣ буд

Гар на манзураш буд Лайлии зи хок дар чаҳ ҳазз ? !

Фикр ъқбо кун буд шамъи далели роҳатат

Аҳриманро ҷузи надомат аз сафи маҳшар чаҳ ҳазз ? !

Кӯҳкан аз ишқи ширини ҷон ширин ме кунад

Ҷузи садои тешаи андари гӯш ӯ дигар чаҳ ҳазз ? !

Дам ба дам гардад зи хӯнами ҷавҳари теғаши фузун

Хӯн набошад теғро аз ҷилваи ҷавҳар чаҳ ҳазз ? !

эй ки тоҷи салтанати дории адолат пеша кун

Гар сулӯк адл набӯд шоҳро зоФср чаҳ ҳазз ? !

Тухми ҳанзалгар буд дар набзи амрозати даво

Дар мазоқати зи илтиёми марҳами шукр чаҳ ҳазз ? !

Бистар нозаст фарши чашми бемораш вале

Паҳлавии беморро аз роҳати бистар чаҳ ҳазз ? !

Сафҳаи дилро ту мастири зан барои муддао

Бе саводи муддао бо сафҳа аз мастир чаҳ ҳазз ? !

Хушки мағзонро зи файзи дидатар баҳра нест

Гар набошад абри дили туғрули зи хушк ватар чаҳ ҳазз ? !