Ҳар кас ки дорад як дилбари файз

Маҳваст гуё дар манзари файз

Дар ҳар ду олам ҳаргиз намирӣ

Гар гашта гардӣ аз ханҷари файз !

Дар зулмат ғам мекун таҳаммул

Бошад ки ёбии равшангари файз !

Сад дил шуҳудаш бошад ба даъво

Ҳаркас ки дорад як маҳзари файз

Бе субҳи як дам ҳаргиз набинӣ

Бар фарқи хуршеди ин афсари файз

Калаки адабро бар сафҳаи дил

Бинмоӣ роҳӣ аз мастири файз !

Ғофил чаҳ бошӣ маҳбӯби матлӯб

Дар хоб нозаст бар бистари файз !

Хуш май туоне кардани димоғат

То бӯ ки ёбӣ аз анбари файз !

Ойӣнаи сони шӯ аз софии дил

Гирӣ ҷаҳонӣ аз ҷавҳари файз !

Зойеъ магардон ҳаргиз наравед

Дар ҳар заминии сўснбри файз !

Монанди тӯтӣ дар коми туғрул

Ҳаргиз набошад ҷузи шукри файз !