То шуд аз ктми адам дар малик ҳастӣ буд шамъ
Доя шуд парвона гуё дар шаби мавлуди шамъ
Бас ки шаб то рӯз дорад гиря бар ҳоли ҷаҳон
Ҷузи садои ашки ҳасрат кӣ буд дар равад шамъ ? !
Гарчи бошад ҷинс ӯро гармии бозори шаб
Ғайр ҷон кандан азин савдо набошад суди шамъ
Кардани аҳли карами андар баландӣ шуд мисл
Як ҷаҳон парвона мебошад мутӣъи ҷӯади шамъ
Бошадаш аз ҷӯши савдои толеъ ӯ муштарӣ
Рашк меояд маро аз толеъи масъӯди шамъ
Дар қиёми истода бо як пой аз шаб то саҳар
Кас намедонад чаҳ бошад оқибати мақсӯди шамъ ? !
Дар вафо сар дод ҳар каси зиндагӣ аз сар гирифт
Ин мисли равшан буд аз ҷисми ғами Фрсўди шамъ
Гар набошад шамъ кӣ парвона бошад дар ҷаҳон ? !
Буд ин парвона ҳо набӯд магар аз буд шамъ ? !
Туғрул аз ҷӯши ғами савдоӣ ӯ маълум шуд
Каш буд аз равғани парвона гуё дӯди шамъ !