Бас ки шаб то рӯз аз ғами гиря ҳо дорад чароғ
Аз забони шуълаи арз муддао дорад чароғ
Ҳайратӣ дорам ки доими Нонаши андар равған аст
Нолау фарёд ҳар соъат чаро дорад чароғ ? !
Баҳри дафъи лашкари зулмат кунун шаб то саҳар
Аз пари парвона аз оташ ливо дорад чароғ
Дар муҳӣти оташи ғами киштии умед ӯ
Кӣ ба ҷузи парвонаи фикр нохудо дорад чароғ ? !
Туғрули ин асрори махфии нек равшан шуд маро
Каши азин бе тоқатии як муддао дорад чароғ !