Аз камоли равшанӣ дар дида шуд ҷои чароғ

Кас набошад дар ҷаҳони имрӯзи ҳамтои чароғ !

Роҳ торикаст ва ту мағрури шамъ дил машав

Равшании ҳаргиз наме бинии ту дар пои чароғ

Мақсад аз сӯзу гудозу гиряу оҳи шабаш

Ғайр ҷонбозӣ намебошад таманнои чароғ

Дар шабистони ҷунуни андари сулӯки ошиқӣ

Боли сад парвона май чинии зи гулҳои чароғ

Суҳбат ноаҳл бошад мӯҷиби озори дил

Бештар аз об бошад шӯру ғавғои чароғ

Муштарӣ ҷӯшад агар дар зулмати ободи ҷаҳон

Кӣ касе донад ба ҷузи парвонаи савдои чароғ ? !

То ба субҳи ҳашари ҷузи парвонаи шамъи адаб

Нест дигари моҳӣ эй туғрул ба дарёии чароғ !