эй ба хӯбӣ дар миёни хубрӯёни мӯътариф
Ҷабҳаи гули рост аз шарми рахти доғи клФ !
Гарчи дар банди ҷунунам лек ҳрсў ме кашад
Домани зулфаши гиребони маро аз ҳар тараф
Хок гардидам ба роҳаш бар умеди интизор
Гар расад поиш ба фарқами бас буд инам шараф !
Пой на дар водии ғами доман аз олам бикаш
То ба кӣ пайчии сари худ дар гиребон чун кашф ? !
Хондаам дарси муҳаббати пеши устоди ҷунун
Шуд азони асрори ишқ ӯ диламро мнкшФ
Нест ин саҳрои олами ҷузи чарогоҳи дўоб
То ба кӣ чашм ту бошад ҳамчуи ҳайвон дар алаф ? !
Магзар аз ойини неконе ки буданд қабл азин
Рафтагони рафтанди андари суннати аҳли слФ
Бо ҳунар бигузар ту аз ғаввосии баҳри сухан
Брнёид дар қимат аз дарун ҳар садаф
Бас ки дар малики маъонии ман нишони шӯҳратам
Сина ман шуд азони тири ҳаводисро ҳадаф
Сад дар маънӣ ба силки назм май орм вале
Нест саррофӣ ки созад фарқи гавҳар аз хзФ
Бандае аз бандагони ҳазрати ишқам кунун
Гарчи бошам дар қатори оли султони Наҷаф
Офарин бар мисраи бедил ки туғрул гуфта аст
Нотавонӣ олимӣ дорад такаллуф бар тараф