эй шӯхи паривашони офоқ

Бар бодаи даҳ шикеби ушшоқ !

Набӯд ба ҷаҳон касе зи одам

Як тан ки туро буд на муштоқ !

Бечораи дилам ки ҷуфт ғам шуд

То кардаам абрӯии хамати тоқ

Ҳам дарс будам ба ишқи маҷнӯн

ӯ рафт ба дашт ва ман ба асўоқ

Дар гардани ҷон ман наҳодӣ

Монанди сегон хеши атўоқ

Рӯҳам ба азали миёни арвоҳ

Бо ишқи ту баста буд мисоқ

Шероза наме тавон гирифтан

Девони ғами туро зи авроқ

Машҳури вафоу меҳр будӣ

Дар байни шакарлабон ба ахлоқ

Бисёр буридӣ ошиқон ро

Бо теғи ҷафоу зулми аъноқ

Аз оташи ъшқбори туғрул

Гардид қарору сабрами аҳроқ