эй лаъли лаби ту ҷони ошиқ

Абрӯии кажати камони ошиқ !

Рӯзу шабу сол ва ма набошад

Ҷузи номи ту бар забони ошиқ !

Бе хандаи лаъл ту нахандад

Якбори зи ғами даҳони ошиқ

Дар маслахи ишқи сар баридан

Бошад магари имтиҳони ошиқ ? !

Бе рӯй гули ту ҳамчуи булбул

Бар чарх расад фиғони ошиқ

Ҳргаҳ ба лабони лабони кшоиӣ

Хандад ба лабони лабони ошиқ !

Ту рӯҳи равони ошиқоне !

Рафтӣ ту равад равони ошиқ !

Якбори зи роҳи меҳрбонӣ

Бигузар тарафи макони ошиқ

эй шӯх чаро хабари надорӣ

Аз туғрули нотавони ошиқ ? !