Агар хиромӣ ба сӯии чамани бад-ӣни найранг

Ба пеш рӯй ту гул меравад зи ранг ба ранг

Ба сайди ширдилони ҷаҳон ба сайёдӣ

Ғизоли чашми ту ҳар дам кунад камӣни паланг

Ба ёди он қади мавзун фитодаам аз по

Нишони тир ман омад камони хонаи чанг

Ба ғайри сози фироқат ки оварад дигар

Навой нағмаи ушшоқро бад-ӣни оҳанг ? !

Ба боғи ҳасани зи хубон чаҳ сарви мумтозӣ

Сӯии ту нисбати хубон буд тахайюли банг

Тариқи мадҳи ту ман он қадр намудем тай

Шудам ба сафҳаи офоқи ҳамчуи мисраи ланг

Дилат чу қитъа сангаст ки оташини хуӣ

Ки нест маскани оташ ба ғайри синаи санг

Шикасти равнақи бозори нақши тасвират

Нигорхонаи чинӣу коргоҳи фаранг

Ба назд меҳнати рӯзи фироқи ёри маро

Баробараст дами аждаҳоу коми наҳанг

Хушо зи мисраи дарёии маърифати туғрул

Ҳубоби басти нафаси бас ки дид қофияи танг