Баландаст аз фалаки мأўои бедил

Набошад ҳеҷ касро ҷои бедил !

Намоями тўтёии дидаи хеш

Агар ёбам ғубори пои бедил

Надидам аз сухангӯёни олам

Касеро дар ҷаҳони ҳамтои бедил

Агар кӯҳ аст бошад таври сино

Вагар дарё буд дарёии бедил !

Дили афлокро созад мушаббак

Ливои ҳиммати волои бедил !

Ба мижгон метавонам кард берун

Агар хории хулд дар пои бедил !

намеёбам кунун холии дилам ро

Замонӣ аз ғаму савдои бедил

Қабои атлас на чархи гардун

Буд кӯтоҳ бар болои бедил !

Ба рифъат бартараст аз кӯҳи туғрул

Ҷаноби ҳазрати мирзои бедил !