Аз он рӯзӣ ки ман дар ҳалқаи зулфи ту афтодам
Саропо қайд будам гўиё кардӣ ту озодам
Ба ошиқи талхии ҳиҷрони Лайлии талъатони ширин
Азон дар кӯҳу саҳрои ҳамдами маҷнӯну Фарҳодам !
Гиёҳ ташнаам сар бар зада дар водии ҳасрат
зи навмидӣ самар оварда нахли кулуфти эҷодам
Тилисми унсурам давраст аз обу гулу оташ
Надорад киштии тани мавҷро лангар ба ҷузи бодам
Ба афсуни дили худ олимии зер нигин дорам
Ки нақши хотами даст сулаймонаст ӯро дам
Шаби ҳиҷрони ман бо кокул ӯ нисбатӣ дорад
Парешонеи маро сармоя шуд аммо бад-ӣни шодам
Буд пайвастаи туғрули андалеби гулшани кӯяш
Ба ёди хандаи лаълаш чу неи умрӣ ба фарёдам