Хиҷолат мояам вазъи пришонисти бунёдам
Гулоби хиҷлат аз сунбул кашад тасвири беҳзодам
Нигоҳи ҳайратам аз нақши пой ӯ сабақ гирад
Магари акси рухи ойӣна буд сармашқи устодам !
Муаммои сари зулфаш ба ҷуз аз шонаи нкшоид
Азон дар боғи зери сояи мавзуни шамшодам
Сапанди доғи рашками сӯхт аз дили сар назд нола
Ту пиндорӣ ба санг серума хобидаст фарёдам
Ба савдои хаёлаши шуҳра офоқ гардидам
Таманноӣ висолаш дод ному нанг бар бодам !
Шикасти дил ба санги ёӣси пиғомисти ҷамшедӣ
Садои коса чинӣ диҳад фағфурро ёдам !
Азон гирядаам дар авҷи дониши туғрули маънӣ
Ба қайди лафзи нозуки бас ки шоҳин буд сайёдам