эй ниҳоли қоматати нахли гулистони Ирам

Сарви озодат зон рӯ шуд ба озодии илм

Калаки тақдир аз хати райҳон ба райҳони хатат

Насхи таълиқи вафоро кард бар лаълати рақам

Тоӣри назораи ушшоқ бар гирди сарат

Ҳамчуи амвоҷи кабӯтар бар лаби боми ҳарам

Монии чин гар бибинад нақши матбӯъи ту ро

Сӯрати хубони олам маҳв созад як қалам

Ҳаст ин маънии марои равшан ки монанди ту нест

Чун ту маъшӯқи парии зодӣ буд бисёр кам !

Турфа сайёдӣаст чашмон ҳар дам ме кунад

Аз хаданги сояи мижгони нози хеши Ром

Машк аз ҳасрат ба нофи оҳӯии чин чун шавад

Гар сабои зулфи туро ошуфта созад субҳдам

Толеъи баргашта Эй дорам ки туғрул дар ҷаҳон

Субҳ иқболӣ надидам ҳеҷ ғайр аз шоми ғам !