зи меъмори харобии бас ки ҳамчун ганҷи маъмурам
Чу марҳами оқибат гул мекунад аз захми носўрм
Ҷузи оҳанг муҳаббат нест дар мизроби ман дигар
Ҳамин « ушшоқ » меояд ба гӯш аз сози танбурам
Марои андешаи ҳиҷру хаёли васл кӣ бошад ? !
Ба завқи кӯй ӯ наояд ба хотири ҷинати ҳурам
Маро ҳарчанд саҳрои ҷунун чун лола маскан шуд
Вале аз улфати доғи ғам ӯ сахти масрурам
Накардам бо адиби ишқи ҷузи машқи ҷунуни дигар
Агар оҳии кашам дар базм ӯ чун шамъи маъзӯрам
Ҳамин баси нашъаи кайфияти хамёзаи шавқаш
Ба соғар улфатӣ дорад нигоҳи чашми махмурам
Азони рӯзӣ ки ман дар водии ҳиҷраш ватан дорам
Набошад субҳи ъушрат дар пас ин шоми диҷўрм
зи султон ғамаш набӯд ба тғроиии мисоли ман
Ба ғайр аз сояи бахти сиёҳи хеши маншурам
Қалам аз баҳри таҳрирати зи чӯби дор май бояд
Ки то банависӣ шарҳи қиссаҳои хӯни Мансурам
Ҳазорон офарини туғрул ба аҷзи ҳазрати бедил
зи дашт бехудӣ меоем аз вазъи адаби даврам