Ҳргаҳи з ноз хандад он ҷавҳари табассум
Ғайр аз шукр наҷӯшад аз кавсари табассум
Чун хок дод бар бод ӯ оташи қарорам
Хӯнам чу оби резад аз ханҷари табассум
Ҷонам агарчӣ набӯд ширини зи шаҳди васлаш
Бошад ҳаловати дил аз шукри табассум
Бедоди рафта бо ман аз лашкари тағофул
Даъвоӣ ишқ дорам бо маҳзари табассум
Имрӯз кас нахонд дар маъбади ҷамолаш
Ҷузи хутбаи тлтФ бар бистари табассум
Дар музди мақдам ӯ ҷони тӯҳфа май намоям
Пайғоми васли орадгар чокари табассум
Хондему гашти равшани мазмуни хати лаълаш
Ҷуз Хизр нест дигари пайғамбари табассум
Дар ҳалқаи тағофулгар марказ итоб аст
Дар базм ноз бошад сардафтари табассум
Дар пеши ханда ӯ дар адан чаҳ бошад ? !
Лаълаш кашида ёқӯт аз ахгари табассум !
То чанд май намоеи такрори дарси нозаш ? !
Афсона мухтасар кун бо дилбари табассум !
Чун муҷримон бигӯям сад шарҳи қиссаи ғам
Гар ҳол мо бипурсанд дар маҳшари табассум
Дар чини ҷабҳа то кӣ эй раҳзанони ъушрат
Беруни равед акнӯн аз кишвари табассум !
Сад офарин ба бедил каш гуфтааст туғрул
Ёрб мабод теғаш чун ҷавҳари табассум !