Гирифтори каманди он хами зулфи биногвашам

Ҳубоби осо ба савдои хаёлаши хонаи брдўшм !

Адибо бо ман аз дарси хирад дигар магӯ ҳарфӣ

Чу маҷнӯн дар хаёли турраи Лайлӣ буд ҳушам !

намехоҳам ба ғайр аз давлати дидори васл ӯ

Агар фарзанди хуршед фалак ояд дар оғӯшам !

Маро аз зиндагии беҳтар ки мурдан дар таманнояш

Гар дар ҷоми ҷами об ҳаёт ояд наме нӯшам !

Ҳамин шуд сарнавишти қисмати рӯзи азал бо ман

Қазо аз ҳалқае доғ ғуломӣ кард дар гӯшам !

Набошад дархури ман ҳеҷ лофи нағмаи шавқаш

зи тшўири ҳароратҳои ишқи ёр дар ҷӯшам

Хушо дар пайкари ман кисвати хок дараш туғрул

Ба ҷои перҳани ҷуз ӯ зи олами чашм май пӯшам !