Надонам шамъи рухсор ки равшан шуд зи омолам

Ки чун парвонаи сарф сӯхтан ҳо шуд пару болам

Агар сад раҳи китоби ишқро хуоне наме ёбӣ

Ба ҷузи шарҳи ҷунун аз нусхаи девони аъмолам

Ба ёди иди васлаши слхи моҳ ман шавад бадарӣ

Ғрўророи айшами ғарраи айёми шаволам

Китоби мушкилоти ишқи ман наҳв дигар бошад

Наме фаҳмад ба ҷузи маҷнӯн дигар каси шарҳи аҳволам

Ман аз бори заъифӣ он қадр гардӣдаам лоғар

Ту пиндорӣ ки сармашқи садои нолау нолам

Надорад гашти роҳат муҳра нарад бисоти ман

Нишони саъд ҳаргиз нест андари қуръаи фолам

Фусуни толеъам аз шоми навмидӣ асар дорад

Надомат гул кунад аз шухӣу найранги омолам

Ба ҳайрат ғӯта хӯрдам аз тамошои ҷамол ӯ

Ки чун ойӣна аз назораи рухсор ӯ лолам

Таназзул аз тариқи равнақи бахтам нигун созад

Ба ҷуз идбор набӯд ҳосили сомони иқболам

Асое бар кафами имрӯз аз чӯби камон бояд

Ки ман дар зери бори ишқ ӯ хам гашта чун долам

Чаҳ хуш гуфтаст туғрули шоҳи авранги сухани бедил

Димоғи шӯҳрат анқо надорад резиши болам