Надонам нашъа аз паймонаи чашм ки дар ҷомам

Занад бар ҳам дами субҳи нишотами зулмати шомам !

Ба девон хаёлам нест ғайр аз абҷади ишқаш

зи нақши ин нигин бошад баландовозаи номам

Гули табъами шукуфта аз насими нуктасанҷӣ ҳо

Саропо дам занад аз пухтаи мағзии миваи хомам

Тапидам нола кардам сӯхтам бо хеши печидам

Ба мавҷ беқарорӣ нохудо гардид оромам

Ҳусӯли муддао дар чеҳра даҳраст нопидо

Ба ҷой шаҳд шуд ҳанзали насиб аз даври айёмам !

Май шодӣ ба ҳаркаси қисмат аз рӯз азал бошад

Нашуд аз соқии даври фалаки як ҷуръа дар комам

Куҷо ояд марои туғрул ба хотири ҷинату ҳураш

Ки ҳамчун ҳолаи имшаби ман ҳам оғӯши маи томам ? !