Нолаи ҳамон ба ки зи дил сар кунам

Гӯши фалакро зи фиғон кар кунам !

Тифли дабистони ҷунунам кунун

Нусхаи девони ғам аз бар кунам

Даҳр шавад сафҳаи Нитсаатон қалам

То ғами ушшоқ ба дафтар кунам !

Дам ба дам аз шавқ чу миноӣ май

Саҷдаи таъзим ба соғар кунам

Ршҳаҳи абри карамаши ин буд

Ҷабҳаи худро зи арақ тар кунам !

Нест дигар бадарғае ҷузи умед

Дар раҳи ин бодия раҳбар кунам

намерасадам рутбаи авранги ғам

Хоки кафи пои ту афсар кунам

Бар варақи шарҳ парешоне ам

Зулфи туро ришта мастир кунам

Ба ки ба боғ аз қад чун сарви ту

Тарки тамошоӣ санавбар кунам

Бар рухи набзи раги гули ҳамчуи меҳр

Сояи мижгон ту нашутур кунам

Кардӣ ту як ҷилваи дарин чашми боз

Рақси зи шодӣ чу кабӯтар кунам !

Сояи сифати сӯии ту зи афтодагӣ

Пой надорам қадам аз сар кунам !

Бод ба шамшери ту хӯнами ҳалол

Гар сари мӯи ҳурмати ин сар кунам !

Аз ҳунари сирФии нутқи хеш

Ҳалқа ба гӯши сухан аз зар кунам !

Туғрули махмур май бедилам

Бода надорам ки ба соғар кунам !