Биё эй боиси шӯри ҷунунам
Ки чун зулфи диловезати нигунам !
Туе он шоҳиди ширини такаллум
Ман он Фарҳоди кӯҳи бесутунам
Агарчӣ даврам аз васлати валикин
Далел шавқ бошад раҳнамӯнам
Нпрсидии зи аҳволам ки чун аст
Биё бингар ки бе рӯй ту чунам !
Нагуфтӣ даргаи паймону савганд
Ки бошад бо ту дар ӣнҷои сукӯнам
Ҳанузам дар вафо таслим наоре
Чу кардӣ дар ҷафоҳо озмӯнам
Куҷо шуд аҳду паймонӣ ки кардӣ ? !
Фрибидӣ ба талбису фусунам !
Ба фармони ғамат аз ман чаҳ сар зад
Ки афкандии чунин хору забунам ? !
Хаёли сӯзани мижгонаши туғрул
Руфӯ созад ҳамаи чоки дарунам !