Ман аз соқӣ барои дафъи ғам тўқир ме хоҳам

зи ҷӯши қул қул мино чу метшҳир ме хоҳам

зи наздикони ишқам гарчи аз тарҳи хиради даврам

зи вайронии баннои хешро таъмир ме хоҳам

Барои хирмани меҳнат ки хокаш бар фалаки бодо

зи барқи дили яке оҳи шарар таъсир ме хоҳам

з ишқаш нест ҷузи ҷӯши арақи сомони кори ман

Сиррӣ дар пой ӯ май афканам тшўир ме хоҳам

Шабӣ чун шона ҳушам рафт андари кишвари зулфаш

Азин хоби парешон аз ту як таъбир мехоҳам !

Ҷунуни омодаи доғи таманнои ғами ишқам

Ба пои хеш аз зулфи ту ман занҷир мехоҳам !

Ба шамъи оризи худ роҳи торикам мунаввар кун

Ки дар зулмоти гесуяти яке шабгир ме хоҳам

Камар чун хомаи халқии баста дар шарҳи рахти лекин

Ман андари мусҳаф рӯй ту як тафсир ме хоҳам

зи райҳони лабаш маълум шуд эъҷози ёқӯтӣ

Ба даври лаъл ӯ як ду хат таҳрир мехоҳам !

Ба ҷузи сомон ҳайрат нест аз назораи рӯйиш

Нигоҳии сӯй ӯ аз дида тасвир мехоҳам !

Чаҳ хуш гуфтаст туғрули ҳазрати мавлои ман бедил

Кшоди кори худ бенохун тадбир мехоҳам !