То нигаҳ аз чашм ҳайрон карда ем

Хонаи ойӣна вайрон карда ем

Олимии моро мусаххар шуд магар

Ёди ангушт сулаймон кардаем ? !

Хешро дар маҳфили базми адаб

Баҳри иди васл қурбон карда ем

Лиззати дардаш гар инаст эй табиб

Бигузар аз мо тарк дармон кардаем !

Бо вафои ёр ҳамчун зулф ӯ

Дар шикасти аҳд паймон карда ем

Ашки навмидии зи чашми интизор

Бар дар умед дарбон карда ем

Ҷон ба як ним нигоҳаш бохтем

Мушкили худ сахт осон карда ем

Чун сароби андари биёбони ҷунун

Аз сиришки хеш тӯфон карда ем

Мо ғалати пеши лабаш аз наақсо

Қиссаи лаъл Бадахшон карда ем

Шуд фиғони шонаи хушк аз тоби ғам

Равған аз шамъ шабистон карда ем

Моу маҷнӯни хонда дар фани ҷунун

Зон сабаби тарк дабистон карда ем

Гарчи дар ҳиҷрем аз ёди Рахш

Дам ба дами сайр гулистон карда ем

Ҳамчуи гули имрӯз аз боғи сухан

Маънӣ бисёр сомон карда ем

Ҳбзои туғрул ки бедил гуфта аст

Ёр меояд чироғон кардаем !