эй ҷафоҷуи андакии қалби маро тафреҳ кун
Дар машомам аз шамеми турраи ?ут трўиҳ кун
эй камони абрӯ ба тири ғамзаи афкандии маро
Сайд худ магузор бо ғайру накӯ ташреҳ кун
Ҳамчуи ман имрӯзи ҳаркаси лоф ишқат ме занад
Нусхаи лавҳи дили ушшоқро тасҳеҳ кун
Дил ба ақди зулфи мишкӣнаш агар хоҳии гарав
Ин муамморо ба номи он парӣ тшўиҳ кун
Гар туро бошад таманнои ҳавои ишқ ӯ
Рӯи айёри хешро аз муддао танқеҳ кун
Мушкилоти дарси ишқи ёр май хуонеи ҳаме
Асли мақсадро зи устоди ҷунун тавзеҳ кун
Субҳи матлаби орзӯи дории магар аз васл ӯ ? !
Шоми ҳиҷронро шумори дона тасбеҳ кун !
эй ки хоҳии обрӯии дайн ва дунё ёфтан
Ҷузи сулӯки ишқи дигари шеваро тасреҳ кун
Гар наме хоҳӣ ки гардад шуҳра науммат баланд
Бикри маъниро ба домоди сухан танқеҳ кун
Гарчи набӯд бар дарат ушшоқ дар силки сегон
Туғрули ошуфтаро аз дигарон тарҷеҳ кун