Саводи серума шомаст дар чашмнигор ман
Ба ҷузи зулмат дигар чизе набинад рӯзгори ман
Азон саргаштаам дар водии ишқи парии рӯе
Ки бошад маркази паргори ҳасрати ихтиёри ман
Набошад ҳосили умрам ба ҷузи доғи ҷудоӣ ҳо
Куҷои сар бар занад ҷузи лола аз хоки мазори ман ? !
Чаро меҳр батон бо ошиқон булҳавас бошад ?
Азин саводу ғам ёрб таба шуд ҳоли зори ман !
Агар чаҳ даврам аз дидори васл ӯ вале бошад
Китоби лавҳи девони хаёлаш дар канори ман
Ҳазор афтода дорад бар сари кӯяш чу ман лекин
Ба ҷузи савти фироқ ӯ наёбӣ аз ҳазор ман !
зи бим онкӣ нанишинад ба чини доманаши гардӣ
Ба роҳаш об мепошед чашми интизори ман
з бас кардам таҳаммул дар ғами ҳиҷрон ӯ туғрул
Миёни ошиқон бисёр бошад эътибори ман