То кашад аз рухи ниқоби он моҳи симини соқи ман

Ғӯта дар ҳайрат занад ин дидаи муштоқи ман

Тоқ абрӯяш бидидам ҷуфт кулуфт шуд дилам

Рафт дар савдоӣ ӯ бар боди ҷуфту тоқи ман !

Бар серуми афтода то савдои он ширини сухан

намесазад бар каҳкашон паҳлу занад қлпоқи ман !

Моаш дили додем чун гандум ба ишқ ӯ нухуд

Қисмати симурғ ғам шуд арзану қўноқи ман

Гӯшт аз тан рафт охир дар ҳавои васл ӯ

Монад дар саҳрои ҳиҷрони устихони қоқи ман !

То бидидам соқи симинаши дилам бемор шуд

Ҳбзои қурбони соқ ӯ тани носоқи ман !

Дар ҷаҳон мисли қадаш чоқам намегирад дигар

Бас ки чун сарви қад ӯ рост бошад чоқи ман

Аз камон бо зарби бозуи рост тир ояд бурун

Шуд рақиби каҷи саодати рост аз шаллоқи ман

Туғрули авҷи камолами сайд маънӣ ме кунам

Лафз бемаънӣ буд беҷо макун итлоқи ман !