Тоб рахт надорад хуршеди тоқи гардун
Бишкастаи қадари ёқӯт аз ин ду лаъл мегаван
Имрӯз чун ту шоҳӣ набӯд ба малики хӯбӣ
Яксар сипоҳи ғамзаи ҳамроҳи чашми мафтӯн
Ҷорӣ шавад з чашмам гарем агар зи ҳиҷрат
Мардум ба об монад наҳрӣ шавад чу Ҷайҳун
Ёрб з зулм кӯшӣ доим чаро хамӯшӣ
Рухро ҳамеша пӯшӣ аз ошиқони маҳзун ? !
Ҷоми шароб то кӣ бо ғайр мо банушӣ ? !
эй Лайлии замонаи раҳмӣ ба ҳоли маҷнӯн !
Андари ҳарими васлати муҳаррам ҳамеша ағёр
Бо мо ки мардум аз ғами Лутфӣ ба ҳақи бичўн !
Науммат ба ҳар сар байт биниҳода ҳамчуи тоҷӣ
Ҷон шуд бурун ки туғрул то во кашид мазмун