Бутӣ дорам ки сад майхона бошад дар канор ӯ
Батонро фарз бошад саҷдаи тавофи мазор ӯ
Набошад боғи имконро гулӣ ҳамчун гули рӯйиш
Агар чанде ки нашикуфтаст як гул аз ҳазор ӯ
Гулӯӣ ташна ам мехоҳад обӣ аз дилами теғаш
Тариқи зулму ойин ситам бошад шиор ӯ
Ба хӯбӣ гарчи набӯд дар ҷаҳон монанди ӯ лекин
Хуши он соъат ки ҷон бошад шаҳиди интизор ӯ !
Нисори хоки поиши тӯҳфае ҷон дар бағал дорам
Ба умедӣ расад шояд агар умедвор ӯ !
Гулӣ аз гулбуни васлаши тавон чидани азони боғӣ
Ки бошад ошёни мурғи анқо дар чанор ӯ
Кунун чун коФрўн дар ҳукми мансӯх алъамал бошад
Сулӯки доругири дилбарон аз гирудор ӯ
Набӯдигар шарики дарси ғам бо меҳнати маҷнӯн
Тавон бӯдан кунун парвонаи шамъи мазор ӯ
Маро бошад равону рӯҳу ҷисму ҷону тани туғрул
Нисор ӯ нисор ӯ нисор ӯ нисор ӯ ! !