Аз қомати баландати қамарӣ ба лаҳни куку
Дар печу тоби сунбул зон ҳалқаи ду гесу
Мастонагар хиромӣ аз ноз дар гулистон
Ғавғоу фитнаи хезад аз тоқи чархи минӯ
Дар бӯстони хӯбии мавзун қадон бидидам
Монанди нахли қадат сарвӣ наруста дилҷӯ !
Афтодаи акси мижгон бо чашми серумаи сайт
Дар марғзори сунбул гӯйӣ чареда оҳӯ
Аз тири таъни ағёри ошиқ чаҳ бок дорад
Гар чун шаҳоб ояд барқи ситами з ҳар сӯ ? !
Паҳнои дашти ҳиҷрон чун вусъати ду олам
Роҳи висоли ҷонони борӣк аз сари мӯ !
Аз гулшани ҷамолати як гул начед туғрул
Хори ҷафоӣ ағёр омад дарози паҳлу !