Ёди айёмӣ ки сӯии мо хиромӣ доштӣ

Бо каф аз майхонаи алтоф ҷомӣ доштӣ !

Аз баҳори оризат назораам май чиди гул

Чун нигаҳ дар хонаи чашмам мақомӣ доштӣ

Анҷумани орои базми мо ҳадиси васл буд

Ҳайфи гуфторӣ ки зон шукр ба комӣ доштӣ !

Аз тариқу шеваи аҳду вафои гаштии бурун

Бо муруввати байни хубон гарчи номӣ доштӣ

Муждау пайғоми қосид буд анфоси Масеҳ

Аз лаби ҷони бахш бо могар паёмӣ доштӣ !

Хос буд мари омроу ом буд мари хос ро

Аз навозишҳо ки лутфи хос ва омӣ доштӣ

Кулбаи мо туғрул аз хуршед партав ме занад

Сӯии ин кошона гуё сайр намедоштӣ !