Қоматӣ дар зери бори ишқ хам дорем мо
Нағмае аз сози дил безер ва Бам дорем мо
Хоксорӣ нест кам аз дастгоҳи эътибор
Бӯрёии фақр ҳамчун тахт ҷам дорем мо
Соз бе оҳанги мо матбӯъи табъ кас нашуд
Ҳарчӣ меояд зи мо бар худ ситам дорем мо !
Ҳастӣ мо нест ӣнҷои ғайри сомони арақ
Каз нигини хеши ҷой ноӣ нам дорем мо
Гар ба мо аз ҷоми қисмати бода ъушрат нашуд
Шаҳди роҳат аз насиби заҳр ғам дорем мо
Нест кирдорӣ ки аз мо дастгир мо шавад
Дасти умедӣ ба домон карам дорем мо
Аз вуҷӯди мо ки имкон нанг дорад дам ба дам
Ҳастӣ оғозу анҷом адам дорем мо !
Гар ҳамин бошад сулӯки шеваи ихвони даҳр
Кӣ умед аз лутфи холу меҳр ъам дорем мо ? !
Сар назд бо номи мо як ахтар аз бурҷи шараф
Толеъии зи иқболи худ бисёр кам дорем мо !
Заҳри ғам дар коми мо ҳаргиз набошад коргар
Дар мазоқи хеши тирёкии з сам дорем мо
Муддаои коми мо ҳосил нашуд аз ҳеҷ кас
Ҳамчуи маҷнӯни оқибат аз халқ Ром дорем мо
Маҳмил мо меравад туғрул ба оҳанги нафас
То дарин водии зи шавқ ӯ қадам дорем мо