Бас ки чун анқои з хотирҳо фаромӯшем мо
Гар ҷаҳон аз мо напушад чашм мепӯшем мо !
Ҷӯши шукр дар не охир мекунад манъи садо
Аз камоли шаҳди мазмун гарчи хомӯшем мо !
Аз замин то осмонгар муштарӣ ҷӯшад валек
Ҷузи қумоши маънӣ борӣк нафурӯшем мо !
Банда ишқем мо озод аз озодӣ ем
Ҳамчуи зулфи ёри доими ҳалқаи бргўшими мо !
Сози ъушрат аз хамӯшиҳои мо бепарда аст
Як ҷаҳони шӯр тараб пайдост гар ҷӯшем мо !
Он қадр мастем аз паймонаи ҷоми азал
Рӯз то шаб бесабуе бода менӯшем мо !
Шӯри тӯфони сиришки мо агар бошад ҳамин
Оқибат ҳамчун ҳубоби хонаи брдўшими мо !
Шоҳиди ин базм имкон дорад авҳоми адам
Дар хаёл обод ҳастӣ маҳв оғӯшем мо !
Дар гудози қалби худ зотши куҷои миннати кашем
Бас ки чун миноӣ май бешуъла дар ҷӯшем мо ? !
Ҳбзои зини мисраи бедил ки туғрул гуфта аст
Ҷавҳарем об аз дам шамшер менӯшем мо !