Ҳар кро бошад гузар бар кулбаи аҳзони мо
Нашканад ҷузи қурси маи ноне дигар аз хон мо
То ба кӣ бар нағмаи носози мо гӯшӣ наҳй
Кӣ ба ҷузи савт фироқ ояд дигар зоФғони мо ? !
Аз пари анқо талаб кун муддаои хештан
Гар ғубории орзӯи дории ту аз домони мо
Домани мо чун гуҳари назри гиребон буду бас
Рафт чун авроқи гули ҷамъияти сомони мо
Ошиқонро хоксории кисвати ранг ва вафост
Ҷузи либос ишқ набӯд бар тани урёни мо
Аз шикасти эиътибороти ҷаҳон ғофил мабош
Дар назар ойӣна бошад сӯрати имкони мо
Хишти зери буқъа мо бошад аз хоки адам
Ваҳм ободӣ надорад хонаи вайрони мо
Сафҳаи ҷузви дили моро ки бешероза аст
Лутф бошад бигузаригар аз сари нисёни мо
Мад эҳсонаст абрӯии хами пайваст ӯ
Тӯҳфа бошад пеши шамшери вай акнӯн ҷони мо
Туғрул аз домон ӯ то дасти мо кӯтоҳ шуд
Ашк ҳасрат мечакад ҳар лаҳза аз мижгони мо