Чун неи гирифтаи малики ҷаҳонро фиғони мо

Набӯд ба ғайри нолаи матоъи дукони мо

Мо ошиқему шуҳра офоқ гашта ем

Олам параст аз сухану достони мо

Дар ҷайби фикр хилват ҳастӣ гузида ем

Бошад забони хома кунун тарҷумони мо

Ҷузи нақши номи шӯҳрат мо нест аз нигин

Анқо буд ба олами имкони нишони мо

Ашки равон агарчӣ ба поиш фишонда ем

Бошад равон ба пои вай акнӯн равони мо

Дар сози ишқ парда тақӣед офат аст

Мутлақ буд чу нола ба ҳрсўи Аннани мо

Туғрул навой нағма « ушшоқ » дам ба дам

Ояд зи сози пардаи захми забони мо