Ҳарки омад ба сӯии хонаи мо

Хонд шаҳи байти остонаи мо

Сози ушшоқ мо навой ту шуд

Ин буд то абади таронаи мо !

Бас ки маҷнӯн водӣ ишқем

Гашти олами пар аз фасонаи мо

Ҷузи парешонеи кас наме фаҳмад

Як сари мӯи забони шонаи мо

Пари анқо нишон ҳастӣ мост

Кӣ расад тир бар нишонаи мо ? !

Шоҳбозими мо ба сайди сухан

Авҷ маънӣаст ошиёнаи мо !

Шаҳд мазмун гирифт роҳи нафас

То ки хомӯшии баҳонаи мо

Аз адами омадем то ба вуҷӯд

Ҳамчу мо нест дар замонаи мо !

Баҳр ишқему қулзуми маънӣ

Нест пайдо вале каронаи мо !

Бас ки деҳқон мазраъ амалем

Дили дамад лек ҷои донаи мо

Туғрулами маҳви мисраи бедил

Ҷабҳа сӯзаст остонаи мо !