Шӯх бе бокӣ ки карда хонаи мардуми хароб
Теғи абрӯяш барои қатл ман дорад шитоб
Монӣ аз баҳри ҳавои сӯрати зебоӣ ӯ
Чун фалак саргашта афтодаст то явми алҳсоб
Сӯхти мағзи устихон дар синаам аз ишқ ӯ
Кишвари дилро буд аз дасти ҳасан ӯ азоб
Он қадри калак қазо нозед ҳангоми рақам
Каз миёни хубрӯён то туро кард интихоб
Лола аз доғи таманнои баҳори оризат
Кард дар саҳрои хиҷлати хаймаи ҳасрати таноб
Дидаам хубони оламро вале монанди ту
На ба ҳушёрӣ бидидам на ба мастӣ на ба хоб !
Ёди он фурсат ки бар рӯй ту ҳангоми саҳар
Аз сиришки ашк гулгун мезадам ҷои гулоб !
Навбаҳори оризатро дод равнақ гиря ам
Зинат гулзор бошад доим аз ршҳи саҳоб
Чок зад ҷайби қабои хеши гули андари чаман
зи инфеъол рӯй ту чун ҷайби мастӣ аз шароб
Офтоби ховарӣ аз шарм уфтад дар кусуф
Гар з рӯй худ кашад он шоҳиди мавзуни ниқоб
Туғрул аз мавҷи хаёли ман муаммои дақиқ
намешавад берун ба фикри том чун дар хўшоб