намерасад аз нола бар гардуни ливои андалеб
Шохи гул чун тахт ҷам бошад барои андалеб
Дар чамани имрӯз дар дарбори шоҳаншоҳи гул
Ҳеҷ касро нест густохии сўои андалеб !
Бо ҳама хорӣ нагардад давр аз тарафи чаман
Офарин бар аҳди мисоқу вафои андалеб !
Гар буд сад зеру Бам дар нағмаи мўсиқор ро
Кӣ нишинад дар сулӯки нолаи ҷои андалеб ? !
Боғ аз бод хазон дорад либоси мотамӣ
Барги резиҳои гул бошад азои андалеб
Ҷазби маъшӯқон буд ҳар дами каманди ошиқон
Кас набошад сӯии гулшани раҳнамои андалеб
Ин ҳама бо ёди гули шаб то саҳар ҷон ме кунад
Гар буд сад ҷон маро бошад фидои андалеб !
Дӯш дидам бо ҳазорон нолаи андари саҳни боғ
Гар на гул раҳм оварад имрӯзи вои андалеб !
Хатмсозӣ дар чамани дарси ғами ушшоқ ро
Гӯш андозӣ агар бар нолаҳои андалеб
Бас ки дорад нолаи ӣнҷои ҷилваи ранги асар
Бошудам умедворӣ аз дуои андалеб
Ин ҳадис эй боғбон аз ман бигӯ дар гӯши гул
Раҳм май бояд кунун дар илтиҷои андалеб
Ваа чаҳ хуш гуфтаст туғрули бедили баҳри сухан
Шарми дор аз дидани гул бе ризои андалеб !