Нағма ушшоқ бошад дар навой андалеб

Нест ғайр аз дидани гули муддаои андалеб

Сорибони ранг гулшан дорад оҳанги сафар

Кӣ буд дар маҳмил ӯ ҷуз дароӣ андалеб ? !

Тарсам аз улфати парастиҳои сози нағма аш

Каши хулд дар пои гули хор аз садои андалеб

Бас ки шуд мҳнткши шавқи тамошоҳои гул

Гашта хам аз бори ғами қади дўтои андалеб

Ошиқонро нанг бошад кисвати ранги ғурур

Нест ғайр аз хоксориҳо қабои андалеб !

Дар ҳарим васл дорад нола аз шаб то саҳар

Кас намедонад чаҳ бошад муддаои андалеб !

Пунбаи ғифлат буд шабнам ба гӯши ранги гул

Нашунӯд як бор акнӯн моҷарои андалеб

Ҳеҷ аз саҳни чаман берун намеояд магар

Печу тоб нола шуд занҷири пои андалеб ? !

Он қадр дорад ғурури рангу ҳасани хештан

Кӣ шавад огоҳи гул азҳоиҳои андалеб ? !

намезанад парвонаи сони худро ба шамъ рӯй гул

ӣнқадари лозим буд бӯдани крои андалеб !

Барфашон аз шабнами авроқи гул дар набз ӯ

Ҷузи гулоби васл кӣ бошад давои андалеб ? !

Дод ин фатвои шабии парвонаи шамъи адаб

Нест кам аз хӯни туғрули хунбҳоии андалеб !