Ҳаёти туғрул аз ишқ ҳабиб аст

Ҷафои туғрул аз даст рақиб аст

Буд туғрули асири зулфи ҷонон

Ба туғрул ҳарчӣ ояд ё насиб аст

Дамии ои сӯии беморони ишқат

Ки бемори интизори андар табиб аст

Биё эй ҷон ба истиқболи берун

Ки ҷонони сӯй мо ояд қариб аст

Чаро аз ҳиҷр ӯ чун не нанолам

Ки чун маҳҷӯр бесабр ва шикебаст !

Яке ояд ба сӯии кулбаи ман

Навозишҳои ӯ баҳр ғариб аст

Надонам хоб бо афсонаи туғрул

Ҳаме гӯям дуъогӯяш нақиб аст