Агар дили маҳви он рухсор зебост

зи ҷавҳари мавҷи ин ойӣна дарёст

Надорад доғдори ишқ қадре

Ватан бо лолаи андари кӯҳ ва саҳрост

Машав дар меҳри имкони ҳамчуи шабнам

Ҷаҳон дар сояи ин бол анқост

Ба вақти аҷзи душман дӯст гардад

Ба зонуии Сикандар фарқ дорост

Ҳарими ҳурмати дилдор давр аст

Басӣ дар роҳи ишқаши зер ва болост

Буд ушшоқи масти бодаи ғам

Урӯҷи нашъаи мо кӣ з миност ? !

Ба олам ҳркҷо бошад агар дил

Асири ҷаъди он зулфи мтрост

Бисот ишқ шуд то маснади мо

Кулоҳи ифтихори мо фалак сост

Дуеро нест раҳ дар маскани ишқ

Дили ошиқи азин савдо мубаррост

Диҳад сад мурдаро ҷон аз такаллум

Ба эҳёи лаъл ӯ рашк масеҳост !

Ба ёди гесуяши ашкам гиреҳ зад

зи мавҷи ин баҳрро занҷир барпост

Худоро ҷониб мо кун нигоҳӣ

Сифед аз интизорати дидаи мост !

Хушо зини мисраи бедил ки туғрул

Хаёлии сади роҳи ибрати мост