То ниҳоли қомат ӯро санавбар чокар аст
Дар чамани қамарии зи ҳасрати ҳамдам хокистар аст
Бар субути имтиёзи ҳасанаш аз хубони даҳр
Сабзаи хати зумурради фоми лаълаш маҳзар аст
Дӯш дар гулшани ҳадиси ҷаъди гесуяши гузашт
Сунбули имрӯз аз хиҷолати поймол сарсар аст
Дар хаёли лаъл ӯ чун ғунча бигушоем даҳан
Ноқаи фикрами саропои зери бор шукраст !
Бар фурӯғи дидаи миннат кӣ кашам аз тўтё
Мардуми чашми маро то рӯй хубон манзараст ? !
Хости ҳушам дар шаби зулфаш шабихун оварад
Шаҳна холаш гирифт кини даври шоҳ дигараст !
Туғрул аз осеби чашми бади ҷамолашро чаҳ бок
То дилам дар оташи ишқаши сапанд миҷмараст !