То зеру Бами нағмаи мизроби ту соз аст
Оҳанги навояти ҳама аз парда ноз аст
Ҷузи оҳани ғам кӣ буд асбоби футуҳат
Дар қуфли ҳақиқат ки калидаши з муҷозаст !
Душман буд эй дӯст ба ҳар кас натавон гуфт
Асрори ғами ишқ ки бемуҳаррам розаст !
Раҳ нест ба гирди ҳарами ёр касе ро
Дар бодияи ишқи басии шеб ва фароз аст
Ҳаркас кунад аз машраби худ пеши ту изҳор
Соғар ба тамошоу суроҳе ба намоз аст
Кӯтоҳ намӯд аз ҳамаи савдои ҷаҳонам
Зулфи ту ки сармояи як умр дароз аст
Акси ту ки чун шухии парвози кабӯтар
Монанди нигаҳи ҷилвагар дида боз аст
Туғрул чаҳ хушаст маънии ин мисраи ҳофиз
Рухсораи Маҳмӯди кафи пой Аёзаст !