Ҳар лаҳза ба дил аз мижаи ?ути захм хаданг аст

Абрӯии камони ту магари кор фарангаст ? !

Машҳур буд гул ба чаман гарчи ба хӯбӣ

Аз хиҷлати рухсори ту аз ранг ба ранг аст

Аҳвол маро дидӣу раҳм ту наомад

Дил нест магар дар бағалати қитъа сангаст ? !

Дӯди ғам меҳнат накунад тираи дилам ро

Ин ойӣна он нест ки ӯ қобил зангаст !

Дар баҳри ғамаш ҳар ки фитад нест халосӣ

Кин лаҷаи дарёи ҳама дар ком наҳангаст !

Бошад рақами доғи сувидои дили ман

Он нуқта ки сармашқи хати пӯст паланг аст

Дар шуълаи шамъи дилам эй ишқ мазан об

Сулҳӣ ки ту май хоҳии саропои ҳама ҷангаст !

То чанд бигӯе суханӣ аз даҳан ӯ

Бигузар ту азин дағдағаи кини қофия тангаст !

Осон набӯд даъвии савдои висолаш

Маъҷуни хаёлати ҳама аз нашъа бангаст !

Васлӣ ки буд дар пеши андешаи ҳиҷрон

Шҳдист ба коми ту ки аз таъм шрнг аст

Шабдизи ҳавас чанд дарин бодияи ронӣ

Раҳи давр ва дарозаст вале аспи ту лангаст ? !

Туғрули ҳама дар банди сухани бас ки асиранд

Имрӯзи маро аз ғазалу қофия нангаст !