Ҷузи ишқ ба олами ҳамаи авҳом хаёл аст

Бо мурғи ҳаваси сояи анқои пар ва бол аст

Таълими ҷунуни гири зи устоди муҳаббат

Ҳар ҳарф ки хуонеи зи ғамаши дарс камол аст

Андари паии иқболи ту идбор муҳайёст

Шоми ғами ҳиҷрони ту аз субҳ висол аст

Сарчашмаи дилро макун аз гирди ҳаваси гул

Акси рухи худ бинӣ агар об зулол аст

Тарсам ки дарди ҷомаи нозаш ба нигоҳӣ

Кандар бар ӯ перҳан аз тор хаёл аст

Даии муҳлат имрӯз фикандӣ ту ба фардо

Ойӣнаи мстқблу мозии ту ҳоласт !

Ташвиш дигар нест ба ғайр аз сари мӯе

Гар чинӣ эй моро ҳаваси ранг суфол аст

Умед вафо кардаам аз рамзи нигоҳаш

Дар муҳраи ғами бас ки дилами қуръа фол аст

Туғрул шуда то тӯтии табъи ту шикаррез

Дар мадҳи забони ту забони ҳама лол аст