Нағма қонӯн ҳастӣ соз мизроб фаност
Қомати перӣ ба умри рафтаи оҳанги садост
Чашми ибрати вокн ва бингар ту дар хоки адам
Афсари шоҳии тарози нақш домон гадост
Фурсати шодии аҳди ғами ду рӯзӣ беш нест
Гул агар дар хандау булбул ба гулшан дар навост
Бигузар эй Фарҳод аз савдои ширини баъди азин
Ҳарчӣ сомон кардае зини кӯҳи тамҳиди садост
Ақл мебошад ғубори дидаи маҷнӯни мо
Хоки саҳрои ҷунун дар чашми ошиқи тўтёст
эй ки май хоҳии қадам дар водии ишқаш задан
Ҷузи далели шавқи сӯяши дайгарӣ кӣ раҳнамост ? !
Бар дилам ҳар лаҳзаи акси оризаш гул ме кунад
Ҷавҳари ойӣнаро болидан аз ҷӯш сафост
Мавсим идаст на бар Машҳади мо як қадам
Бар кафи пои ту хӯнам кӣ кам аз ранг ҳиност ? !
Бошад аз майхонаи имкон ба ҳаркаси машрабӣ
Хизри мамнӯну Сикандар дар пай об бақост
Ҳеҷ кас туғрул набошад такяи гоҳи ҳеҷ кас
Онкӣ дар афтодагии дасти туро гирад худост !