Шӯри дарёии муҳаббати мавҷӣ аз об ман аст

Барқи шамшери ҳаводиси лмъаҳи тоб ман аст

Пардаи дори сози қонӯни Баму зери ғамам

Нағма « ушшоқ » аз оҳанги мизроб манаст !

Нест ҷузи таъбири ҳайронии марои фол дигар

Фарши махмали саргузашти қиссаи хоб ман аст

намезанад меҳри диламгар бахя дар ҷайби саҳар

Чоки домони каттони лекини зи маҳтоб ман аст

Хондаам дарси адабро пеши устоди ҷунун

Қади моҳи нави дўто аз вазъи одоб ман аст

Ҷӯши тӯфон сиришкам дорад оҳанг дигар

Хоки саҳрои ҷунуни тамҳиди сайлоб ман аст

Тоқати як олам аз абрӯии ёрам тоқ шуд

Саҷдаи гоҳи сад ҷабин аз шавқи миҳроб ман аст

эй хушо аз мисраи бедил ки туғрул гуфта аст

Базми гардуни субҳи хез аз лаъли сероб ман аст