Ақиқ аз ҳасрати лаъли ту хӯн аст
Ҳилол аз шарми абрӯят нигун аст
Ба ҳолам раҳм кун эй шӯхи золим
Ки аз ҳиҷри ту аҳволам забунаст !
Чу ман аз як нигаҳи сад куштаи дорӣ
Май майхонаи чашмат фусун аст
Дилами барадӣ ва дилдорӣ накардӣ
Анисами меҳнату ёрам ҷунунаст !
Ба ёд ҳасрат мем даҳонат
Қади ушшоқ аз ғам ҳамчу навенаст !
Биё эй ҷон ки ҷони мустамандат
Ба истиқболи ту аз тан бурун аст
Ало эй шӯх бе пурвои золим
Наме пурсӣ ки аҳволи ту чунаст !
Гул рӯй туро то дид туғрул
Дилаш чун ғунчаи доими ғарқ хӯн аст