Тирӣ ки аз камони нигоҳи ту ҷуста аст
Чун новаки фироқи дили мо шикаста аст
Сайёди тироФкн ва оҳӯаст чашми ту
Ин турфаи оҳӯе ки бо мардум нишастааст !
Кас нест дар ҷаҳон ки набошад асири ту
Як дили зи банди ҳалқа зулфат нарустааст !
То кардаем ёди камони ду абрӯят
Пайкони ғам ба синаи мо даста даста аст
Холӣаст бар лаби ту ӯ ё зоғ дар чаман
ё ҳиндӯе ки бар лаб кавсар нишастааст ? !
Дар маҳфилӣ ки сози Баму зер васл туаст
Савт « фироқ » нохуни мутриб шикастааст !
Мади нигаҳ ба сояи мижгони интизор
Чун анкабут хонаам аз мӯӣ баста аст
Набӯд саводи хати изораши бароти мо
Дӯду ғубори оташини дилҳои хастааст !
Туғрули ғуломи мисраи зебои бедилам
Осӯдагии зи кишвари мо бор баста аст