Яксар шарори ишқаму оҳам забона аст

Ойӣнаи дори дардаму ҳайрат баҳона аст

Хирман кунед донаи гавҳари зи ашки ман

Дар ҳар тараф ки сайли сиришкам равона аст

эй нохудои ту лангари киштии з сабр кун

Баҳри муҳӣти ишқ бекаронааст !

Мо ошиқему шуҳра офоқ гашта ем

Аз мо басӣ ба олами имкон фасона аст

Набӯд ба сози пардаи ушшоқи зеру Бам

Оҳанги сози нағмаи мо зин тарона аст

Ҳайронам аз хаданги камони расоӣ ӯ

Ҳар ҷои дилии сети тири ғамашро нишона аст

Ашкӣ ки мечакад ба раҳи интизор ӯ

Дар киштзори муҳраи умед дона аст

Туғрул гузаштаам зи таманнои қасру ҷоҳ

Боми фалак ки бар сари ман сақф хона аст